9 сентябри 2019 дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Қоҳира ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати дипломатӣ барпо гардид. Дар он маросим намояндагони воломақоми вазорату идораҳои гуногуни кишвари маҳалли иқомат, сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими Қоҳира, расонаҳо, аҳли илму фарҳанг, бозаргонони кишвар ва гурӯҳе аз шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ҳузур доштанд.
Дар суханони шодбоши худ кордори муваққати Тоҷикистон дар Миср Раҳим Алишерзода бо зикри дастовардҳои муҳимми кишвари мо дар 28 соли гузашта таъкид намуд, ки Рӯзи Истиқлол дар ташаккул ёфтани давлатдории навини тоҷикон ва такомули он дар роҳи сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ аҳаммияти сарнавиштсоз дорад. Дар он суханронӣ инчунин таъкид шуд, ки дар солҳои охир, дар партави супоришҳои президентҳои Тоҷикистон ва Миср дар муносибатҳои ду кишвар пешравиҳои назаррас ба даст омадаанд ва изҳори рағбати ҷонибҳо ҷиҳати баргузории иҷлоси дувуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ва ройзаниҳои сиёсии навбатӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Миср дар охири соли ҷорӣ дар шаҳри Қоҳира далели ин гуфтаҳост.
Сипас барои меҳмонон навори кӯтоҳи видеоӣ дар бораи ба кор даромадани агрегати дуюми НБО-и Роғун, ки 9 сентябри 2019 бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, намоиш гузошта шуд. Мақомҳои расмии Миср, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва меҳмонони дигар Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон ва руйдоди таърихии ба кор даромадани агрегати дувуми НБО-и Роғунро ба роҳбарияти кишвар ва мардуми тоҷик шодбош гуфта, барои ҳусни меҳмоннавозӣ ва барномаи ҷолиби ҳамоиш изҳори сипос намуданд.
Ҳамчунин, дар он зиёфат меҳмонон имкон доштанд, ки аз гӯшаи фарҳангӣ, ки ба бузургдошти солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ороста шуда буд, дидан намоянд. Дар он гӯша сӯзанию либосҳои миллӣ, китобу маводди сайёҳӣ ва маҷмӯаи расмҳои рассомони шинохтаи тоҷик ба намоиш гузошта шуда буданд.