Суханронии ҳайати Тоҷикистон дар чаласаи корӣ роҷеъ ба амнияти рӯзноманигорон дар ҳамоиши САҲА

18.09.2019 17:54

18 сентябри 2019 дар шаҳри Варшава дар ҷаласаи кории ҳамоиши САҲА роҷеъ ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ дар мавзӯи амнияти рӯзноманигорон сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода суханронӣ кард.

Ӯ дар суханронияш аз тадбирҳое, ки дар Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди шароити мусоид барои кори рӯзноманигорон андешида мешаванд, ҳарф зад. Ба иштирокчиён таҷрибаи Тоҷикистон дар таъмини танзими ҳуқуқии фаъолияти рӯзноманигорон, кафолат дар гирифтани иттилоот, инчунин масъулияти мавҷудаи рӯзноманигорон ироа гардид.

Bezopasnost-zhurnalistov-18-09-2019-1800.png

Нигористон

Тақвим