Ҳамкориҳо бо Академияи дипломатии Брюссел

19.09.2019 11:08

18 сентябри 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои Бенилюкс Эркинхон Раҳматуллозода бо муовини Роҳбари Академияи дипломатии Брюссел профессор Кэйлин Маккензи ва мушовири Роҳбари ин ниҳод Жан Брабандер доир гардид.

Зимни мулоқот мусоҳибон дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Академияи дипломатии Брюсселро баррасӣ намуда, ба имконоти омодасозии кадрҳо дар ин ҷода, барпо намудани равобити корӣ байни ин ниҳод ва муассисаҳои  марбутаи  кишвари  мо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки зарфият ва имконоти ҷонибҳоро амиқан омӯхта, ба мавзӯъҳои мушаххаси ҳамкориҳо хоҳанд баргашт.

IMG-0630-19-09-2019-1100.jpg

 

Нигористон

Тақвим