19 сентябри 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Мудири кулли Маркази пажӯҳиш ва робитаҳои маърифатӣ доктор Яҳё Маҳмуд ибни Ҷунайд мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму фарҳанг ва иттилоот баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба танзими ҳамкории мутақобилан судманд изҳори рағбат карданд.