22 сентябри 2019 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи иштирок дар ҷаласаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо Намояндаи махсуси ИМА барои сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуд. Ҷонибҳо дар атрофи мавзӯи амнияти минтақавӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя мубодилаи афкор намуданд.