Муносибатҳои Тоҷикистон бо Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

24.09.2019 13:04

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Ҳошимии Урдун 13 январи 2012 барқарор гардидаанд. Урдун истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 январи 1992 ба расмият шинохт.

21 июли 2016 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдов Зубайдулло ба унвони Сафири ғайримуқими Тоҷикистон дар Урдун таъин гардид.

9 декабри 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафари расмӣ анҷом доданд. Дар толори “Маросим”-и Қасри Ал Ҳуссайнияи Урдун, дар ҳузуриСарони давлатҳо 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, Эъломияи муштарак оид ба таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Урдун қабул шуд.

10 декабри 2017 дар доираи сафари расмӣ дар Аммон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ доир гардид.

13 декабри 2017 дар Истанбули Туркия дар ҳошияи Нишасти Сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ баргузор гардид.

Нигористон

Тақвим