23 сентябри 2019 дар Варшава дар ҷаласаи кории Ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ бахшида ба ҳокимияти қонун, аз ҷумла пешгирии шиканҷа, табодули назар ҷиҳати бекор кардани ҷазои ҳукми қатл, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди терроризм Сардори Раёсати нозирот доир ба иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорат бар маводди мухаддири Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Қурбонзода суханронӣ кард.
Ӯ қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди татбиқи уҳдадориҳои худ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ба тавсияҳои Кумита бар зидди шиканҷа аҳаммияти зиёд медиҳад. Ҳамчунин Нақшаи миллии амал дар бораи иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа дар давраҳои солҳои 2019-2022 қабул гардид.
Ҳамзамон иштирокчиёни Ҳамоиш барои таъмин намудани мониторинги мустақил аз ҷойҳои маҳдуд ва маҳрум кардан аз озодӣ гурӯҳеро созмон доданд, ки ба он танҳо намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мутахассисони мустақил (кормандони соҳаи тиб, ҳуқуқшиносон, равоншиносҳо) дохил мегарданд.
Шариф Қурбонзода қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди санадҳои ҳуқуқии байналмиллалиеро ба тасвиб расонидааст, ки масъалаҳои арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсонро дар чаҳорчӯби мубориза бар зидди терроризм танзим менамояд.
Зикр гардид, ки кор вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бо дарназардошти Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи амал барои иҷрои стратегияи мазкур таҳия шуда, 12 ноябри соли 2016 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.