24 сентябри соли 2019 дар Варшава дар ҷаласаи кории Ҳамоиши САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ бахшида ба раводорӣ ва роҳ надодан ба табъиз, аз ҷумла мубориза бар зидди нажодпарастӣ,қавмгароӣ ва поймолсозӣ, мубориза бар зидди антисемитизм, раводорӣ ва поймолкунии ҳуқуқи масеҳиён, мусулмонон ва намояндагони адёни мухталиф муовини сардори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизи суханронӣ кард.
Ӯ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ташаббусҳои байналмиллалӣ ва минтақавиро оид ба муқовимат бар зидди ҳар гуна поймолкунӣ ва таҳаммулнопазирӣ нисбати динҳо, қавмҳо, нажодҳо ва зуҳуроти дигари одамбадбиниро дастгирӣ менамояд.
Ҳамзамон Рустам Азизӣ изҳори таъассуф намуд, ки САҲА минбарро ба созмонҳое пешниҳод менамояд, ки идеологияи онҳо дар асоси таҳаммулнопазирии мазҳабӣ, таблиғоти маҷбурӣ дар асоси бадбинии мазҳабӣ, ҳамчунин мазмуни зидди яҳудият дошта, ба мисли Ҳизби наҳзати исломӣ, ташаккул ёфтааст.