Суханронии ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи кории САҲА оид ба ҷиноятҳо дар заминаи бадбинӣ

26.09.2019 16:59

25 сентябри 2019 дар Варшава дар ҷаласаи кории САҲА оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи буъди инсонӣ бахшида ба ҷиноятҳо дар заминаи бадбинӣ муовини сардори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Азизӣ суханронӣ кард.

Ӯ қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ташаббусҳои байналмиллалӣ ва минтақавиро оид ба ҷиноятҳо ва дар заминаи бадбинӣ дастгирӣ менамояд.

Аз сӯи дигар Рустам Азизӣ мисол овард, ки матбуоти расмии Ҳизби наҳзати исломӣ дар давраи фаъолияти худ дар Тоҷикистон даҳҳо китоб ва маводди дигари чопиро ба табъ мерасонид, ки таҳаммулнопазирӣ ва зӯровариро ташфиқ менамуд.

Рустам Азизӣ  аз Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, инчунин аз тамоми ҷонибҳои манфиатдор даъват ба амал овард, то ба далелҳои мазкур таваҷҷуҳ намуда, ҳузури созмонҳоеро, ки идеологияи онҳо дар асоси таҳаммулнопазирии динӣ ва таблиғоти зуроварӣ сохта шудааст, дар чорабиниҳои расмӣ маҳдуд намоянд.

Azizi-222222-26-09-2019-1700.png

 

Нигористон

Тақвим