26 сентябри соли 2019 дар ҳошияи иҷлоси 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сзийярто мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ду ҷониб роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва илмиро муҳокима намуданд. Инчунин вобаста ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар поёни вохӯрӣ санадҳои дуҷонибаи зерин ба имзо расиданд: