Мулоқотҳои Сафири Тоҷикистон дар Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон

18.10.2019 17:26

17 октябри 2019 дар Варшава Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон бо қароргоҳ дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо нусхаи эътимодномаи худро ба Сардори Раёсати ташрифоти Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон  Крижтоф Краевски супорид. Ӯ Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ барои амалӣ намудани рисолати дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

Худи ҳамон рӯз Сафири Тоҷикистон бо муовини директори Департаменти ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Лаҳистон Томаш Орловски мулоқоти корӣ анҷом дод.

Дар мулоқот вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва нақшаҳои минбаъда барои таҳким ва рушди ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Лаҳистон дар бахшҳои сиёсат, иқтисод, транспорт, маориф  ва туризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба роҳандозии машваратҳои сиёсӣ, такмили пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, идомаи музокироти комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Лаҳистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ташкили давраҳои бозомӯзии дипломатҳои ҷавон  табодули афкор карданд.

Aks-1-18-10-2019-1724.jpg

 

Aksi-2-18-10-2019-1725.jpg

Нигористон

Тақвим