Ройзаниҳои сохторҳои иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷии ИДМ

18.10.2019 18:21

17-18 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ройзаниҳои вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот баргузор гардид.

Зимни ройзаниҳо мубодилаи таҷриба дар соҳаи пӯшиши иттилоотии сиёсати хориҷӣ, кор бо афкори омма ва ВАО сурат гирифт. Ҷонибҳо оид ба фаъолияти сохторҳои иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар ташкили чорабиниҳои ахбороти оммавӣ ва ҳамоҳангсозии корҳои иттилоотӣ маълумот доданд. Мувофиқа барои тақвияти ҳамкорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мубориза бо таҳдидҳои муосир ба даст омад.

Дар ҳошияи чорабинӣ инчунин ройзаниҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия оид ба пӯшиши иттилоотии сиёсати хориҷӣ ва кор бо ВАО дар сатҳи роҳбарони сохторҳои дахлдор доир гардид.

S7A9300-18-10-2019-1819.jpg

S7A9417-18-10-2019-1820.jpg

 

Нигористон

Тақвим