Мулоқоти навбатии аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи “Дӯстони об”

25.10.2019 11:42

24 октябри соли 2019 дар ш. Ню-Йорк бо ибтикори намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Маҷористон дар СММ мулоқоти аъзои Кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи “Дӯстони об” баргузор гардид.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ М. Маҳмадаминов зимни суханронии хеш ҳозиринро бо корҳои тадорукотии Конфронси дуввуми сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (моҳи июни 2020, Душанбе) шинос кард ва аз онҳо ҷиҳати иштироки фаъол дар раванди мазкур даъват ба амал овард.

М. Маҳмадаминов ҳамчунин оид ба натиҷаҳои ҷаласаи якуми Кумитаи машваратии байналмилалӣ (25 августи 2019, Стокҳолм) ва чорабинии канории сатҳи баланд таҳти унвони “Амалҳои муваффақ дар соҳаи об барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои марбут ба тағйирёбии иқлим” (25 сентябри 2019, Ню-Йорк) маълумот дод.

Мавриди зикр аст, ки Кумитаи ҳидояткунандаи гурӯҳи “Дӯстони об” аз 16 кишвари аъзои СММ, аз ҷумла Бразилия, Канада, Миср, Ҳабашистон, Финляндия, Маҷористон, Эрон, Япония, Урдун, Лубнон, Мексика, Федератсияи Россия, Сингапур, Швейтсария, Тоҷикистон ва Таиланд иборат мебошад.

333-25-10-2019-1141.jpg


Созмони Миллали Мутаҳид

Нигористон

Тақвим