6 ноябри соли 2019 дар шаҳри Улан-Батор Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон Х. Ибодзода нусхаи эътимодномаи худро ба Муовини вазири корҳои хориҷии Муғулистон Батмунхийн Батсэсэг супорид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳоро баррасӣ намуданд. Хонум Батмунхийн Батсэсэг Сафири Тоҷикистонро бо оғози фаъолияташ табрик гуфта, ба ӯ муваффақият орзу намуд.