10-11 ноябри 2019 дар Теҳрон нишасти чоруми машваратҳои консулӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Ҳайати Тоҷикистонро, ки шомили кормандони масъули Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, Сафири Тоҷикистон дар Эрон Н.Зоҳидӣ ва ҳайати Эронро Мудири кулли Идораи консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон А.Муҳаммадӣ роҳбарӣ карданд.
Дар чаҳорчӯби машваратҳо ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба робитаҳои консулӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Нишасти мазкур бо имзои протоколи машваратҳо ба анҷом расид.