19 ноябри 2019 дар Риёз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ ба муносибати солгарди 25-уми қабули Конститутсияи Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ орост, ки дар он шумораи зиёди хабарнигорон ширкат варзиданд.
Сафир доир ба дастовардҳои даврони истиқлоли Тоҷикистон, аҳаммияти ҳуқуқӣ ва таърихии Конститутсия, ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми шарафманди кишвар маълумоти муфассал дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари орому босубот ва дорои имкониятҳои фарохи пешрафту шукуфоӣ ва ҳамчунин ба як сарзамини зебою ҷаззоб барои сайёҳону сармоягузорон ва дӯстдорони табиати зебо ва таъриху фарҳанги пурғановат табдил ёфтааст.
Заробиддин Қосимӣ ва сармоягузорони араб, ки бо кишвари мо аллакай робитаҳои босамар доранд, ба суолҳои сершумори ҳозирин посух гуфта, имконоти ҳамкориро дар кишвари мо муҳим арзёбӣ намуданд намуданд.