19 ноябри 2019 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж Форуми вазирони фарҳанги ЮНЕСКО баргузор гардид. Чорабинии мазкур яке аз калонтарин ҳамоишҳо тайи 20 соли ахир мебошад, ки дар он намояндагони 140 кишвари дунё ширкат варзиданд. Тоҷикистонро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода намояндагӣ намуд.
Мавзӯи асосии Форум мероси фарҳангӣ ва нерӯи таҷдидпазир барои муколама ва сулҳ, фарҳанг дар қалби маориф, рушди инсоният ва навоварӣ, сармоягузорӣ дар фарҳанг ва эҷодкорӣ барои рушди устувор ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг дар фазои ҷамъиятӣ, нерӯи пешбарандаи шаҳрсозӣ ва иҷтимоъсозӣ буд.
Дар рафти Форум Вазири фарҳанг аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф дар даврони истиқлол ва ҳамкориҳо бо ЮНЕСКО суханронӣ намуд. Ӯ инчунин иштирокчиёнро ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразм, ки сентябри соли 2020 баргузор хоҳад гашт, даъват намуд.