27-28 ноябри 2019 дар Қоҳира иҷлоси дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби тоҷикистонӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва аз ҷониби мисрӣ Вазири сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалӣ д-р Саҳар Наср раёсат намуданд.
Дар он иҷлос ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, молия, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, бонкдорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, нафту газ, энергетика, маориф, фарҳанг, гардишгарӣ, варзиш ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардиданд.
Дар иҷлоси мазкур тарафҳо нақши нахустин сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Мисрро, ки феврали 2007 баргузор гардида буд, бобати таҳким ва тавсеаи бештари ҳамкориҳо байни ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.
Ба манзури таҳкими ҳамкориҳои мустақим байни бахшҳои хусусӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ва муаррифии бештари имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар наздиктарин фурсат Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Миср таъсис ёфта, дар давоми соли 2020 иҷлоси нахустини он баргузор гардад. Гузашта аз ин, дар ҷараёни ҷаласа рӯнамоии имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва Миср сурат гирифт.
Дар чаҳорчӯби сафари мазкур вохӯриҳои дуҷонибаи роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо Вазири сармоягузорӣ ва ҳамкории байналмилалӣ д-р Саҳар Наср, Вазири омӯзиши олӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ д-р Холид Абдулғаффор ва Вазири барқ ва нерӯи таҷдидпазири Миср д-р Муҳаммад Шокир баргузор гардиданд. Дар он мулоқотҳо ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Мисрро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, кишоварзӣ, гардишгарӣ, гидроэнергетика, нирӯи хуршедӣ, маориф, пажӯҳишҳои илмӣ ва самтҳои дигари барои ҳар ду ҷониб муҳим мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин дар ҳошияи иҷлоси Комиссияи муштарак дидорҳои Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср хонум Инос Абдуддоим ва Раиси Китобхона ва бойгонии миллии Миср д-р Ҳишом Маҳмуд барпо гардиданд, ки дар он мулоқотҳо масъалаҳои марбут ба робитаҳои фарҳангии ду кишвар ва роҳҳои таҳкими он баррасӣ гардиданд.
Дар поёни ҳамоиш Протоколи иҷлоси дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Миср роҷеъ ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ ба имзо расид. Илова ба ин, дар чаҳорчӯби иҷлоси Комиссияи муштарак се санади дигари ҳамкорӣ ба имзо расиданд, аз ҷумла: Ёддошти тафоҳум байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Арабии Миср дар соҳаи фарҳанг; Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии Тоҷикистон “Тоҷинвест” ва Кумитаи кулли сармоягузорӣ ва минтақаҳои озоди Миср (GAFI) дар бораи густариши муносибатҳои дуҷонибаи сармоягузорӣ; ва Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Утоқҳои бозаргонии Ҷумҳурии Арабии Миср.