5 декабри 2019 дар Пекин машваратҳо дар мавриди масъалаҳои консулӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳои мазкур Сардори Сарраёсати коснулии Вазорати корҳои хориҷии кишвар Баҳодур Сафарзода ва ҳайати ҷониби Чинро Мудири кулли Идораи консулии Вазорати корҳои хориҷӣ Суй Аймин роҳбарӣ намуданд.
Дар машваратҳои мазкур ҷонибҳо вазъи муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаи консулӣ баррасӣ карда, ба заррурати таҳким ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои консулӣ миёни ду кишвар таъкид намуданд. Ҳамзамон таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои низоми рафту омади шаҳрвандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва моликияти шаҳрвандон, раванди таҳияи раводид ва дигар бахшҳои ҳамкориҳои дуҷониба зоҳир гардид.