5 декабри 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси Шӯрои мудирон оид ба ташаббусҳои Маркази хайриявии “Миск” Бадр ибни Муҳаммад Аласокир мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта ҷонибҳо ба ташкили ҳамкории судманд изҳори рағбат карданд.