Мулоқот бо намояндагони Кумитаи сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо

12.12.2019 11:52

11 декабри 2019 дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндагони Кумитаи сиёсию амниятии Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи пешрафту дастовардҳои Тоҷикистон ва кӯшишҳои кишвар дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосири амниятӣ, инчунин имконияти фаровони ҳамкориҳои судманди кишвари мо бо Аврупо изҳори назар кард. Муколамаи фарогир тамоми самтҳои ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро дарбар гирифта, пиромуни роҳҳои тақвияту таҳкими василаҳои ба ҳам овардани имконият ва манфиатҳо  тамаркуз намуд. Дар чорабинӣ табодули афкор атрофи масоили умдаи минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт. Намояндагони Кумитаи сиёсию амниятии Иттиҳоди Аврупо аз ислоҳоту кӯшишҳои Тоҷикистон дар амри тақвияти ҷомеаи пойбанд ба қонун ва демократӣ истиқбол карданд.

Kumitai-siesi-va-amniyatii-IA-3-12-12-2019-1151.jpg

 

Нигористон

Тақвим