18 декабри соли 2019 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Ҳелсинки) Мария Лииваларо ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Финляндияро муҳокима намуда, оид ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ карданд.