7 январи 2020 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Муовини якуми Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Элис Уэллсро, ки аз кишвари мо боздид мекунад, ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи амният табодули назар карданд.
Зимни баррасии мавзӯи амнияти минтақавӣ ва раванди сулҳ дар Афғонистони ҳамсоя ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи марзҳои Тоҷикистону Афғонистон, талошҳои пайваста дар муборизаи муштарак бо хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.