Вохӯрӣ бо Сафири Фаронса

23.01.2020 18:26

23 январи соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса 7-12 ноябри соли 2019 баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.

PS7A0960-23-01-2020-1827.jpg

 

Нигористон

Тақвим