30 январи 2020 дар Белград дар чаҳорчӯби сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот доир ба масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ва дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Худи ҳамин рӯз мулоқоти Вазир бо Раиси Шӯрои миллии Ҷумҳурии Сербия хонум Майи Гойкович ва Вазири корҳои хориҷии Сербия Ивитса Дачич баргузор гардид. Дар мулоқотҳои мазкур ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Сербияро дар заминаҳои мухталиф баррасӣ намуда, перомуни мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
Дар анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум роҷеъ ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия ба имзо расид.