10 феврали 2020 Султони Бруней Доруссалом Ҳассанал Балкияҳ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот доираи васеи масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Султони Бруней Ҳассанал Балкияҳ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор» дар Душанбе супорид.
Султони Бруней дуруду паёми самимонаи хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, бо ишора ба сафари давлатии Роҳбари давлати Точикистон ба Бруней дар соли 2010 таъкид намуд, ки танзими сафари ҷавобӣ мавриди пайгирӣ қарор хоҳад гирифт.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва самимият сурат гирифт.