11 марти 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ доир ба масоили умумӣ Абдулилоҳ ибни Ҳасан Оли Шайх мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб барои таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд баррасӣ шуданд. Ҳар ду ҷониб бори дигар ҳавасмандии худро барои рушди ҳамкории судбахш таъкид доштанд.