Вохӯрии Кордори муваққати Тоҷикистон бо Дабири кулли Шӯрои арабии об

18.03.2020 11:42

16 марти 2020 дар Қоҳира мулоқоти Кордори муваққати Тоҷикистон дар Миср Шаҳло Абдураҳимзода бо Дабири кулли Шӯрои арабии об Ҳусайн ал-Атфӣ баргузор шуд.

Дабири кул бо изҳори сипос аз даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати  иштирок дар Конфронси байналмилалии Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028, ки 18-20 июни 2020 дар Душанбе баргузор мегардад,  таъкид намуд, ки  иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина шоистаи таҳсин аст.

Ҷонибҳо масоили густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои арабии обро баррасӣ намуданд.

WhatsApp-Image-2020-03-17-at-23-51-22-18-03-2020-1150.jpeg

 

Нигористон

Тақвим