Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Словакия

20.11.2014 12:05

20 ноябри соли 2014 вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Павол Иван баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши робитаҳои Тоҷикистону Словакия дар соҳаҳои мухталиф, масъалаҳои таҳкиму тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба, амнияти минтақавӣ ва инчунин ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро муҳокима намуданд.

Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Словакия

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим