5 июни 2020 дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандонамон аз хориҷа, дар ҳамкорӣ бо ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 60 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити буҳрони COVID-19 дар ИМА дармонда буданд, ба ватан баргардонида шуданд.