Барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сиерра-Леоне

05.10.2020 18:33

2 октябри соли 2020 дар Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сиерра-Леоне баргузор гардид.

Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Сиерра-Леоне дар СММ Алӣ Кабба имзо карданд.

1111 - 05-10-2020.jpg

Нигористон

Тақвим