ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини усули ягонагии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тақвияти нақши ҳамоҳангсози Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати ягонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам:
1. Муқаррар карда шавад, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори мақомоти давлатӣ дар соҳаи муносибат бо кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, татбиқи сиёсати давлатиро дар ин самт амалӣ менамояд ва фаъолияти дигар мақомоти давлатиро дар ҳамин соҳа ҳамоҳанг месозад.
2. Бо ин мақсад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст:
- ба вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ ҷиҳати иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва анҷоми фаъолияти байналмилалиашон мусоидати зарурӣ расонад, инчунин бо онҳо ҷиҳати рушди робитаҳои байналмилалиашон ҳамкорӣ намояд;
- вазорату идораҳо ва мақомоти дигари дахлдори давлатиро аз баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ огоҳ сохта, иштироки намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори комиссияҳои байниҳукуматӣ, байниидоравӣ, гурўҳҳои корӣ, мулоқот ва чорабиниҳои дигар, ки ба фаъолияти байналмилалӣ вобаста мебошад, таъмин кунад;
- ба вазорату идораҳо ва мақомоти дигари дахлдори давлатӣ, ҳайатҳо ва намояндагони онҳо дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ мусоидат намояд;
- вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатиро дар бораи мавқеи расмии кишвар дар робита ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ, ки ба манфиати давлат дахл доранд, мунтазам дар ҷараён гузорад;
- дар асоси муроҷиатҳои вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тавассути муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти байналмилалии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот расонад.
3. Бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд:
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи фаъолият ва робитаҳои байналмилалии худ, аз ҷумла натиҷаи сафарҳои расмӣ, машваратҳо ва гуфтушунидҳо дар ҷараён гузоранд;
- пешниҳодҳоро дар робита ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз пешниҳод ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешакӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа намоянд;
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба чорабиниҳои байналмилалии баргузоршаванда огоҳ карда, дар мавриди зарурат ворид намудани намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайати комиссияҳои байниидоравӣ, гурўҳҳои корӣ ва дигар сохторҳое, ки функсияҳояшон ба фаъолияти байналмилалӣ алоқаманд мебошанд, пешбинӣ намоянд;
- тибқи дархости Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба масъалаҳои вобаста ба муносибат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ маълумоти зарурӣ манзур намоянд;
- ҷиҳати бо маълумоти навин таъмин кардани муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти худ тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чора андешанд.
4. Роҳбарони намояндагиҳои вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ, муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо, ҳайатҳои онҳо ва гурўҳҳои мутахассисон дар кишварҳои хориҷӣ вазифадоранд фаъолияти худро бо сафирони (роҳбарони намояндагиҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг сохта, ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳои онҳо мусоидат кунанд ва оид ба фаъолияташон маълумот пешниҳод намоянд.
5. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ вазифадоранд пешбурди сиёсати ягонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ таъмин намуда, бо ин мақсад ҳамоҳангсозии иштироки мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилоту ҳайатҳои онҳо ва гурўҳҳои мутахассисонро дар фаъолияти ин созмонҳо таъмин намоянд.
6. Муқаррар карда шавад, ки салоҳияти пахши изҳороти расмӣ ва ташаббус оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. Намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ дар робита ба масъалаҳои алоҳидаи фаъолияти байналмилалии худ метавонанд дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот пахш намоянд.
7. Пешниҳодот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даъвати ҳайатҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва олӣ (сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ) аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти хулосаи асосноки мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
8. Вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ даъвати аъзои ҳукумати кишварҳои хориҷӣ ва шахсони ба онҳо баробар, ходимони маъруфи давлатию сиёсии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар мувофиқа ва тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
9. Иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти дигари давлатӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 декабри соли 2015 № 590