16 декабри 2020 дар Кобул мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ бо Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор гардид.
Дар мулоқот мавзӯи сафари дарпешистодаи Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Тоҷикистон ва масоили ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯст мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
А. Абдуллоҳ Тоҷикистонро ҳамсояи нек, дӯсту бародар ва кишвари барои Афғонистон муҳим арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки сафари ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш ба Тоҷикистон бо дастовардҳои чашмрасе барои ду кишвар анҷом ёбад.
Сафири Тоҷикистон Саъдӣ Шарифӣ пуштибонии кишварамонро аз давлат ва мардуми Афғонистон дар ҳамаи заминаҳо ёдовар шуда, сафари дарпешистодаи А.Абдуллоҳро ба Душанбе заминасози густариши бештари равобит миёни ду кишвари бародар донист.
Ҳамчунин дар бораи вазъи имрӯзаи Афғонистон, таҳаввулот дар раванди сулҳ ва музокироти байниафғонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.