Ҳамоиши ҷавонони Вазорати корҳои хориҷӣ

23.08.2021 20:14

20 августи соли 2021 дар бинои Вазорати корҳои хориҷӣ  Ҳамоиши ҷавонони Вазорат ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, дипломатҳои ҷавон ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат иштирок ва суханронӣ намуданд.

Маърузачиён дар мавзӯҳои “Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат”, “Аҳаммияти ҷалби кадрҳои ҷавон ба низоми хизмати дипломатӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ”, “Рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо ва Америка, Осиё ва Африқо” ва инчунин, “Нақш ва фаъолияти ҷавонон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ” суханрониҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Дар интиҳои ҳамоиш аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба яқ қатор кормандони ҷавони Вазорат барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

1-MFA-Youth-Forum-20-08-2021-23.jpg

3-MFA-Youth-Forum-20-08-2021-4.jpg

4-MFA-Youth-Forum-20-08-2021-15.jpg

Нигористон

Тақвим