Вохӯрии Вазир бо Сафири Чин

24.08.2021 17:50

24 августи 2021 дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бин баргузор шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ, вазъи амнияти минтақавӣ ва таҳвили ваксинаи чинӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

IMG-4104.jpg

 

Нигористон

Тақвим