Мулоқот бо сафири Япония

02.09.2021 14:45

2 сентябри 2021 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Японияро дар самтҳои гуногун баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки Стратегияи рушди Тоҷикистон мебошанд. Мутахассисони кишвари мо дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Япония таҳсил мекунанд. Дар ин замина лоиҳаи Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS) дар рушди нерӯи мутахассисони ҷавон дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва мудирият саҳми арзанда мегузорад.

Дар фарҷоми мулоқот маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ” баргузор гардид.

Tajikistan-Foreign-Minister-and-Ambassador-of-Japan-Signing-Ceremony-02-09-2021-1.jpg

Tajikistan-Foreign-Minister-and-Ambassador-of-Japan-Signing-Ceremony-02-09-2021-2.jpg

Tajikistan-Foreign-Minister-and-Ambassador-of-Japan-Signing-Ceremony-02-09-2021-3.jpg

Tajikistan-Foreign-Minister-and-Ambassador-of-Japan-Signing-Ceremony-02-09-2021-4.jpg

Нигористон

Тақвим