Вохӯрӣ дар Вазорати ҳамкории байналмилалии Миср

08.09.2021 16:15

6 сентябри 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ бо Муовини вазири ҳамкории байналмилалии Миср хонум Шариҳон Бахит мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили гуногуни ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Миср, бахусус дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ ва ҷалби соҳибкорони ду кишвар ба ҳамкории густурда баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи махсус ба табодули сафарҳои сатҳи олӣ ва баланд ва танзими форумҳои соҳибкорон зоҳир гардид.

IMG-7544.jpg

 

Нигористон

Тақвим