Нишасти матбуотӣ дар Давҳа ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

08.09.2021 21:34

7 сентябри 2021 нишасти матбуотии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода ва қабули расмии  намояндагони васоити ахбори оммаи Қатар ба муносибати таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор шуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ дар бораи сиёсати ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи пойдор дар кишвар ва минтақа, таҳкими ҷойгоҳи шоиста ва нақши созандаи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, ҳифзи арзишҳои волои фарҳангию маънавии миллати тоҷик ва татбиқи бомуваффақи ҳадафҳои стратегии рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ нақл кард. Дар ин замина ба ҳозирин филми мустанад дар бораи таърихи миллати тоҷик ва дастовардҳои беназире, ки кишварамон дар тули солҳои истиқлолият таҳти раҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудааст, намоиш дода шуд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ Сафир ҳамчунин перомуни ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қатар ва ташаббусҳои кишварамон нисбат ба ҳалли мушкилиҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ маълумот дод.

2-q-08-09-2021.jpg

 

Нигористон

Тақвим