8 сентябри 2021 ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибаи Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз Акрам Каримӣ дар шабакаи “Ал-Ихбория”-и телевизиони давлатии Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.
Дар ин мусоҳиба Сафир роҷеъ ба дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол, нақши созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии амну субот, ҳифзи давлату миллат аз таҳдидҳои хориҷию дохилӣ, таъмини рушди фарогири иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар ва раванди густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ суханронӣ кард. Таваҷҷуҳи хосс ба нақши пешсафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон, раёсати кишвар дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва нишасти сарони кишварҳои аъзои СҲШ, ки рӯзҳои 16-17 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, зоҳир гардид.
Пайвандҳои электронии мусоҳиба:
https://www.alekhbariya.net/ar/news/CORE9500F0774C4A4A66985572BE6A83D978