Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия 9 сентябри соли 2021 дар шаҳри Москва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил кард.
Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими дар Россия иштирок намуданд.
30 сол муқаддам Тоҷикистон ба истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ноил гардид ва имкон пайдо кард, ки роҳи минбаъдаи худро ба сӯи рушду шукуфоӣ мустақилона интихоб намояд. Инак, имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор, зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафт мекунад.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикотӣ қайд кард, ки эълон гардидани Истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик як рӯйдоди сарнавиштсоз дар масири бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ гардид. Ҳамзамон Истиқлолият дар эҳёи анъанаҳои миллӣ ва асосҳои давлатдории тоҷикон саҳми муассир гузошт.
Андрей Руденко Муовини вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.
Ҷашни Истиқлолиятро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид. Ҳамчунин ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ намоиш дода шуд.