9 сентябри 2021 Намояндаи доимии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Президенти тоза интихобшудаи иҷлоси 76 – уми Маҷмаи Умумии СММ ҷаноби Абдулло Шаҳид доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” ва эълон намудани 2025 ҳамчун соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаи амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ба вежа вазъи имрӯзаи башардӯстӣ дар Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.