17 сентябри 2021 дар Киев ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули расмӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мактабҳои олӣ, доираҳои илмию фарҳангӣ ва тиҷоратӣ, воситаҳои ахбори оммаи кишвари иқомат, роҳбарони иттиҳодияҳои динӣ, ҳайати дипломатии муқими Киев, инчунин ҳамватанони муқими Украина баргузор гардид.
Зимни суханронии худ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар бораи дастовардҳои бузурги Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, аз ҷумла миқёси гузаронидани ислоҳоти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ва ҳадафҳои стратегии он маълумот дод. Сафир роҷеъ ба ҳолату дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина ҳарф зада, қайд намуд, ки ҷониби мо барои тавсеаи онҳо, таҳкими пойгоҳӣ шартномавӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷалби сармоя ва рушди туризм ҳавасманд аст.
Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Сеник зимни суханрониаш мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, зикр кард, ки Тоҷикистон барои Украина шарики муҳими иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад ва робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ рушд меёбанд.
Дар қисмати фарҳангии ҷамъомад видеонаворҳо дар бораи рушди Тоҷикистон, расмҳо бо инъикоси осори таърихию табиати нодири кишвар пахш гардида, сурудҳои тоҷикию украинӣ садо доданд ва ба меҳмонон таъомҳои миллӣ пешкаш гардид. Ҳамчунин як гуруҳ фаъолони диаспораи тоҷикони муқими Украина бо сипосномаҳои Сафорат қадрдонӣ шуданд.