20 сентябри 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Раиси Агентии давлатии авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ Абдулазиз Ал-Дуайлиҷ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкориҳои байни ду кишвар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули назар карданд.