21 сентябри 2021 дар Анқара чорабинии бошукӯҳи расмӣ ба муносибати таҷлили 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар суханронии ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов қайд намуд, ки истиқлол бузургтарин арзиш ва дастоварди миллии мардуми тоҷик ба шумор меравад ва имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръат рушд намуда истодааст. Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар мо тавонистем заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва сиёсии давлати миллиро таъмин карда, обрӯ ва нуфузи байналмилалии онро афзун намоем.
Дар суханронии табрикотии худ Муовини раиси Маҷлиси Бузурги Ҷумҳурии Туркия Ҷелал Адан мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 30-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният намуда, афзуд, ки маҳз дар ин давра муносибатҳои ду кишвари дӯст рушду таҳким ёфта, натиҷаҳои назаррасро ба бор оварданд.
Дар чорчӯби баргузории чорабинии мазкур намоиши “Меваҳои болаззати Тоҷикистон” ва нигораҳои наққошони чирадасти тоҷикон ҳамчун рамзи кишвари сарсабз ва мардуми бо фарҳангу тамаддун сурат гирифт.
Дар чорабинӣ аҳли санъат ва ҳунармандони кишвар бо суруду таронаҳои миллӣ, ки дар ғояи онҳо меҳри ватан ва ҳифзи арзишҳои ахлоқию инсонӣ ҷой доштанд, табъи меҳмононро болида гардониданд.
Дар чорабинии мазкур беш аз 300 меҳмон аз сохторҳои гуногуни Туркия ва корпуси дипломатӣ, аз ҷумла Дастгоҳи Президенти Туркия, Ҳукумат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Парлумони кишвари маҳалли маъмурият, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаи ахбори омма, ширкатҳои бузурги истеҳсолӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъияти тоҷикони муқими Туркия иштирок карданд. Дар байни меҳмонон Муовини вазири саноат ва технологияи Ҷумҳурии Туркия Четин Али Дёнмез, Муовини вазири оила ва хизматрасонии иҷтимоӣ хонум Кубра Гуран Йигитбаши ва Прокурори генералии Туркия Бекир Шаҳин низ буданд.