21 сентябри 2021 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин бино ба итмом расидани мӯҳлати кори мавсуф ҳамчун роҳбари намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарик стратегӣ дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ дар ин давра изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми шоистаи Сафир Лю Бин дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ комёбӣ ва ба кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.