23 сентябри 2021 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул чорабинии тантанавии расмӣ ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони ниҳодҳои расмии Ҷумҳурии Туркия, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, волигии Истанбул, намояндагони муассисаҳои консулии муқими Истанбул, аҳли илму фарҳанг, намояндагони воситаҳои ахбори омма, роҳбарони ширкатҳои маҳаллӣ ва ҳамватанони муқими Истанбул иштирок намуданд.
Консули генералӣ М. Саидзода зимни суханронӣ аз аҳаммияти сарнавиштсози истиқлол сухан гуфта, онро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст, таъкид намуд.
Зимни суханронӣ Муовини волии шаҳри Истанбул хонум Озлем Бозкурт мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни фархундаи Истиқлол табрику таҳният гуфт.
Ҷашни Истиқлолро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукӯҳ гардонид. Ҳамчунин гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол ташкил шуда, аксҳо, манзараҳои зебои кишвар, китобҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсат ва таъриху фарҳанг ба намоиш гузошта шуданд.