Таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Исломобод

30.09.2021 16:08

29 сентябри 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон чорабинии тантанавии расмӣ ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони ниҳодҳои расмии Покистон,  роҳбарони муассисаҳои дипломатии муқими Исломобод, аҳли  илму фарҳанг, намояндагони воситаҳои  ахбори  омма, роҳбарони ширкатҳои маҳаллӣ ва ҳамватанони муқими Покистон иштирок намуданд.

Дар рафти суханронии худ, Сафири Тоҷикистон аз дастовардҳои ҷумҳурӣ дар тули 30 соли истиқлолият сухан ронда, инчунин муносибатҳои сатҳи хуби миёни Тоҷикистон ва Покистонро қайд намуд. Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон моҳи июн ва сафари рамии Сарвазири Покистон Имрон Хон моҳи сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳамчун нишондиҳандаи ҳамкориҳои сатҳи баланд миёни кишварҳо номбар шуданд.

Барои меҳмонон дастархон бо таомҳои миллии Тоҷикистон ороста шуда, наворҳои видеоӣ оид ба табиати зебои ҷумҳурӣ пешкаш гардиданд.

PAK-13805.jpg

    

PAK-2JPG.jpg

PAK-3.jpg

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим