30 сентябри 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “30 соли пурбарори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар Конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, олимон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ, инчунин намояндагони созмонҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Конфронс бо суханони ифтитоҳии муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Маҳмадалӣ Раҷабиён оғоз ёфт.
Дар ҷараёни конфронс иштирокдорон дар бораи дастовардҳои истиқлол ва сиёсати хориҷӣ маъруза карданд.
Дар фарҷом миёни иштирокдорон оид ба маърузаҳои Конфронс табодули афкор сурат гирифт.