Иштироки Муовини вазири корҳои хориҷӣ дар мулоқоти муштараки роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви МҲТБО бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

12.10.2021 17:03

12 октябри соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар мулоқоти муштараки роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви МҲТБО ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзид.

Дар рафти мулоқот ҳайатҳо ба ҷониби қазоқистонӣ ҷиҳати баргузор намудани мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО изҳори сипос намуда, оид ба роҳу воситаҳои таҳкими ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар минтақа табодули назар намуданд.

PHOTO-1-2021-10-12-13-42-05.jpg

foto-2IMG-20211012-WA0005.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим