13 октябри соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Туркия бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Мавлуд Чавушоғлу вохӯрӣ доир намуд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо саҳми равобити парлумонии ду кишварро дар самти боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳои ду кишвари дусту бародар муҳим арзёбӣ карданд.